Як мард дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҳолати мастӣ 3 маротиба ба узвҳои ҳамсраи худ бо кор задааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

Ин мард, рӯзи 25-уми декабри соли 2018, тахминан соати 17:00, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии хушдоманаш омада, даъво роҳ андохтааст. Дар рафти муноқиша бо ҳамсараш, зани 25-сола, бо корд 1 маротиба ба шикам ва 2 маротиба ба дасти ӯ задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here