Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ду марде, ки либоси занонаи сафед ва сатр пӯшида буданд, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуданд. Ҳарду мард аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯ мешуданд, аз ин лиҳоз бо либоси занона ҷинсияти худро пинҳон мекарданд.

Дар ин бора намоиши телевизионии ВКД пахш гардид, ки ду сокини ноҳияи Шаҳритус — Сафаров Акмал Абдураҳимович, соли таваллудаш 1985 ва Нуриалиев Алишер Холдорович, соли таваллудаш 1983 аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуданд.

Қаблан парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсони мазкур тибқи моддаҳои 32 ва 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд. Номбурдагон ба он гумонбор дониста шудаанд, шаҳрвандонро ба ҷанги мусаллаҳона дар қаламрави дигар кишварҳо даъват менамуданд.

Дар намоиши телевизионӣ яке аз боздоштшудагон эътироф мекунад, ки аз соли 2015 дар сафи «Салафия» қарор дошт. Ҳамзамон, ӯ ва якчанд нафари дигар барои иштирок дар амалиётҳои ҳарбӣ омодагӣ ба сафари Сурияро доштаанд.    

Айни замон, Акмал Сафаров ва Алишер Нуралиев дар ҳабсхона қарор доранд ва чораҳои муассири тафтишотӣ бар зидди онҳо гузаронида мешавад.

Акс аз «АП»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here