Як мард дар Ҳисор бар асари мастӣ ба тани ҳамсари бародараш бо корд зада, қасди куштани ӯро кардааст.
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба куштор дастгир карда шудааст.
Номбурда, рӯзи 20-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 08:00, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон омада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди дар дасташ буда 4 маротиба ба аъзои бадани ҳамсари додараш, зани 24-сола задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.