Марди 44-солаи сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб гулӯи занашро бурида, хонаро оташ задааст ва бо ин кораш худу ҳамсарашро озими бемористон кардаву ба буҷети оилааш 35 000 сомонӣ зарар овардааст.

Номбурда, санаи 14-уми октябри соли равон, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 38-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, қисми болои пусти гулӯяшро буридааст. Баъдан, аз ин кирдораш қаноатманд нашуда, хонаашро оташ задааст.

Дар натиҷа зану мард ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар натиҷаи сӯхтор молу ашёҳои хона дар масоҳати 120 метри мураббаъ сӯхта нобуд шудаанд. Зарари расонидашуда 35 000 сомониро ташкил медиҳад.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here