Суди минтақавии Челябинский дар Русия марди 31-солаи зодаи Ӯзбекистонро бо айби оташ задани писари чорсолааш 19 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Русия иттилоъ медиҳанд.

Суд муайян кардааст, ки Баҳром Дадахонов, зодаи Ӯзбекистон, ки дар деҳаи Горний истиқомат мекард, баъди он ки бо ҳамсараш ҷанҷол кард, тасмим гирифт, зану фарзанд ва худашро оташ занад. Ӯ бо ин ҳадаф хонаро бензин пошида оташ зад. Худу ҳамсараш наҷот ёфтанд, аммо кӯдаки чорсола натавонист аз хона берун ояд.

“Дар ҷараёни тафтишоти судӣ муайян карда шуд, ки Баҳром Дадахонов бо истифода аз телефони мобилӣ ҳамсарашро ба оташ задани хона таҳдид намуд ва баъдан хонаро оташ зад. Дар ҷараёни тафтишоти судӣ кори кардаашро ба уҳда нагирифт ва гуфт, ки сӯхтор кори дасти дигарон аст, аммо гуфтаҳои ӯ аз ҷониби прокуратура ҳангоми баровардани ҳукм рад карда шуд” — қайд кардааст прокурори суди минтақавии Челябинск Наталя Мамаева.

Баҳром Дадахонов бо ҳукми суд ба муддати 19 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here