Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ширкати Tcell, ширкати Рахш Такси ва ширкати сайёҳии SkyTour Travel нахустин «Джип-тур ва марафони дучахасавории сайёҳӣ таҳти номи «Рахш бидуни сарҳад «-ро баргузор карданд. Масофаи марафон зиёда аз 800 километрро ташкил дод, ки дар он як гурӯҳ дучархасаворон, рӯзноманигорону блогерҳо, ситораҳои поп, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, созмонҳо ва ассотсиатсияҳои туристӣ ширкат варзиданд.

Марҳилаи аввали марафон санаи 27-уми сентябр дар Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ оғоз ёфта, дар шаҳри Ваҳдат ба охир расид. Иштирокчиёни марафон ба мавзеъи Арху рафтанд, ки қаламрави он расман минтақаи туристӣ маҳсуб меёбад: олами наботот ва ҳайвонот — гиёҳҳои шифобахш, гулмоҳӣ дар дарё, хук ва бузҳои кӯҳӣ мавҷуданд. Гуруҳи иштирокчиён дар як маҷмааи сайёҳӣ табиӣ истироҳат карданд ва ба роҳи Темурмалик сафари сайёҳии худро идома доданд. Марҳилаи севуми марафони велосипедронӣ дар шаҳри Данғара баргузор шуд.

Дар тӯли сафар, иртибот аз ширкати  Tcell ба ширкаткунандагон имкон дод, ки ҳиссиёт ва таассуроти худро мубодила кунанд. Дар шаҳрҳои Ваҳдат, Норак ва Данғара, велосипедронҳо аз Интернети баландсуръати стандарти 4G ширкати Tcell -ро истифода бурданд! Пешсафӣ дар минтақаи фарогирии шабакаҳои 3G ва 4G дар Тоҷикистон аз ширкати Tcell ба ширкаткунандагон кӯмак кард, ки ҳатто дар ҷойҳои душворгузар пайваст шаванд, ки ин аз ҳарвақта бештар дар сафари кӯҳӣ муҳим аст.

Иштирокдорони марафони велосипедронӣ ҳиссиёти худро аз сафар фаъолона мубодила карданд: онҳо дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи монеаҳо, саёҳатҳо, ҷойҳои таърихӣ ва зебоиҳои кишварамон нақл карданд.

Пас аз гузаронидани се марҳилаи марафони велосипедронӣ дар қитъаҳои гуногуни роҳ, ғолибони марафони велосипедронии ”Рахш бидуни марз” муайян карда шуданд! Азизов Муҳаммадҷон ҷойи аввалро ишғол намуд, ҷойи дуюмро Орумбоев Акрам ба даст овард ва ҷои сеюм насиби Шаропов Муҳаммадсаид гардид.

Ба ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни сафар аз ширкати Tcell  туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Сафари ҷип ва марафони велосипедронӣ аз ширкати  Tcell ва  ширкати Рахш Такси дар назди худ вазифа гузоштааст, ки ба сохтани маршрутҳои нав барои велосипедронҳо, маршрутҳо бо ҷойҳои намоёни таърихӣ ва рушди захираҳои табиӣ мусоидат кунанд. Бо мақсади васеъ намудани доираи имконоти сайёҳии мамлакати мо, бо намуна нишон додани тарзи ҳаёти солим ва инчунин рақобатпазирии соҳаҳои туризм тавассути беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ равона карда шудааст.

Ташкилкунандагон- ширкати телекоммуникатсионии Tcell, ширкати Рахш Такси, ширкати сайёҳии SkyTour Travel бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон мебошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here