Бо мақсади амалӣ намудани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҳамасола дар қаламрави мамлакат дар ду марҳила — аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент оид ба ҷамъбасти марҳилаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2018» ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ иштирок намуда, ҳисоботи сардори шуъбаи фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд ва сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон оид ба ташкили гурӯҳҳои корӣ, дуруст ба роҳ мондани кор дар ин самт ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотию пешгирикунанда дар байни аҳолӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки ҳадафи амалиёти «Кӯкнор» ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар   дар  ҳудуди   Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  инчунин  гузаронидани чорабиниҳои  маҷмӯии  таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои гуногун дар қаламрави  ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамчунин диққати ҳозирин ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт ҷалб карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here