Сардори Сарраёсат, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Аскар Нурализода, ки охири моҳи сентябр бо далели порагирӣ дар ҳаҷми 490 ҳазор доллар боздошт шуда буд, шояд бо ҷарима аз ҷавобгарӣ озод карда шавад.

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтиши ин парвандаи ҷиноӣ идома дорад. Нисбати ин мансабдор мутобиқи моддаи 319, қ. 4, б. в (гирифтани пора) ва г (тамаъҷӯии пора дар ҳаҷми зиёд) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Тафтишот пеш аз ин ҳам даст доштани ӯ дар ришваситониро таҳқиқ мекунад.

Мувофиқи моддаи зикршуда Нурализодаро суд метавонад ба маблағи аз 639 ҳазор сомонӣ то 1 миллиону 95 ҳазор сомонӣ (баробар ба 216 ҳазор доллар, тибқи қурби БМТ) ҷарима бандад, ё ба муҳлати аз 7 то 12 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян ё фаъолияти муайян ба муҳлати 5 сол маҳкум кунад.

Дар ҳамин ҳол, аз ин Агентӣ  ба АИ «Ап» иттилоъ доданд, ки аризадиҳандаи порадода то ҳол грантро нагирифтааст. Гуфта мешавад, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Нурализода идома дошта, замони ба суд ирсол гардидани он, ба ВАО маълумот пешниҳод хоҳад шуд.

Хотиррасон мешавем, ки чанде пеш сардори Сарраёсат, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Аскар Нурализода зимни гирифтани пора дар ҳаҷми 490 ҳазор доллар дастгир шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here