Дар ин мавсими гармо Бахтиёр дар маркази бозори «Панҷшанбе» 4 хели нӯшобаи ташнагишикан мефурӯшад. Ӯ мегӯяд, ки бозори онҳо низ ба далели ҳамагир судани коронавирус касод шудааст.  — Ростӣ гап,  ин шабу рӯз савдои 2-3 рӯзаамон баробар ба як рӯзи савдои соли гузашта аст, — ба таври худ ҳисобот дод фурӯшанда.

Ба суоли «Нӯшобаҳои рангдору газдор чӣ суду чӣ зиён дорад? «мудири шуъбаи амрози дарунии Беморхонаи рақами 2 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Алишер Исмоилов чунин посух дод:

— Дар ин гармо аксарият бо бадани тафсида  нӯшобаҳои хунуки рангдору газдор менӯшанд. Аксар вақт ин рафтор ҳарорати баданро баланд мекунад. Мумкин аст, ки дар чунин вазъ бемориҳои шадиди роҳи нафас, бодомакҳои гулӯ  пайдо шавад. Вақте ҳарорат баланд  шуд, ба организм дигар бемориҳои вирусии замбӯруғӣ ҳамла мекунад. Аз эҳтимол дур нест, ки оризанокшавӣ бо пневмония ва бронхит ҳам расонад. Обҳои рангдору газдор дар таркиби худ туршӣ, намакҳо ва шириниҳои сунъӣ доранд, ки агар  дар ҳолати гарм буданашон  нӯшанд, аллакай, нӯшоба бадхӯр ҳисоб мешавад.

Ба калонсолон чӣ фоида доштани нӯшобаҳои рандору газдорро духтур чунин шарҳ дод:

— Агар баъд аз хӯроки хамирӣ ва душворҳазм як-ду пиёла нӯшанд, туршии дар таркибаш буда, барои ҳазмкунӣ ёрӣ медиҳад, лекин истифодаи мунтазам ва бе меъёри муайян аз мағзи усутухони онҳо намаки калсийро шуста мебарад. Дар натиҷа зичии бофтаҳои устухон кам шуда, осебпазир мегардад.

Ин нӯшобаҳо хосияти ташнаовар дорад. — Сабаби ба ин гуна нӯшобаҳо хуморӣ шудани ҷавононро, пизишк Алишер Исмоилов чунин шарҳ дод:

—  Моддаҳои химиявӣ, аз ҷумла, кофэин баданро хушк мекунанд. Онҳо востиҳои пешоброн ҳисоб шуда, аз ҳаҷми истеъмол 2 баробар зиёдтар тавассути гурдаҳо берун мешаванд. Дилбастагӣ ба нӯшобаҳои газдору рангдор на фақат бемориҳои роҳи нафас, балки ба бемориҳои музмини меъдаю рӯъда, гурда ва роҳҳои пешоб оварда  мерасонад. Асабоният ва афсурдаҳолии аксар ҷавон ба сабаби саривақт муҳайё нашудани нӯшобаҳояшон (ба монанди носу сигор ва нӯшокии сипиртӣ) низ мебошад. Агар аз меваҷоти хушконида — себ, зардолу, шафтолу, зирк ва гайра нӯшоба (ба 1 кг мева 3-5 литр об андохта, то 10 дақиқа ҷӯшонда) тайёр кунанд, фоидааш даҳчанд зиёд аст.

— Бисёрии харидорони ман ҷавононад. 4 хел обро 50-дирамӣ мефурӯшам. Агар дар истаконҳои якмасрафа фурӯшем, нархи 1 истакон 70 дирам мешавад. Пештар ба истакон ҳеҷ кас аҳамият намедод. Ҳозир як-як одамон чунин истаконро талаб мекунанд. Ҷавонҳо натарсида менӯшанд. Калонсолон камтар муроҷиат мекунанд, аксари онҳо бо худ оби ҷӯш доранд, — аз мушоҳидааш ёдовар шуд фурӯшандаи  нӯшобаҳои газдор Бахтиёр.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here