Иқдоми Доналд Трамп, ки дарҳол баъди президентшавиаш вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳоро ба Америка манъ карда буд, аз ҷониби Суди олии ИМА дастгирӣ ёфтааст. Пештар ин фармон борҳо аз ҷониби суди зинаҳои поёнӣ рад карда мешуд.

4-уми декабр Суди олии ИМА фармони Доналд Трамп дар бораи сиёсати муҳоҷиратро дастгирӣ кард. Мувофиқи ин фармон вуруди шаҳрвандони шаш кишваре, ки мусулмонҳо дар он ҷо бартарӣ доранд, ба Америка мамнӯъ карда шудааст.

Ҳафт судя аз нӯҳ нафар ба ҷонибдории фармони Трамп раъй додаанд ва бо ин роҳ қарорҳои суди зинаҳои поёниро дар бораи қисман бекор кардани ин фармон лағв карданд.

Мувофиқи ин фармон вуруди шаҳрвандони Эрон, Лубнон, Сурия, Яман, Сомалӣ ва Чада ба Иёлоти Муттаҳида манъ аст.

Трамп гуфта буд, ки ҷорӣ кардани мамнӯият барои ҳифзи Америка аз терроризм аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here