Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” бо дастгирии Сафорати Америка иқдоми нави худро таҳти унвони “Имконоти нав дар фазои итиллоотӣ” (бахши тоҷикии интернетро чӣ гуна пур кардан имкон дорад?) шурӯъ мекунад.

Дар доираи он, ки ҳамроҳи шариконаш ТВ “Бадахшон” дар Хоруғ, ТВ “Хатлон” дар Қурғонтеппа, ТВ “Суғд” дар Хуҷанд, ТҶ “Маърифатнокӣ” дар Рашт роҳандозӣ мекунад, интизор меравад мактаби  даҳрӯзаи  журналистиро дар ин минтақаҳо ифтитоҳ намояд.

Вобаста ба ин имрӯз нахустин мактаби журналистӣ дар шаҳри Хоруғ оғоз ёфт, ки он аз 25 сенбяр то 4 октябр идома хоҳад ёфт. Мактаб хоҳишмандонро аз миёни донишҷӯён, рӯзноманигорон, кормандони идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои чамъиятӣ ҷалб кардааст.

Интизор меравад дар навбати аввал шогирдони манотиқи гуногун матолиби худро тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр намуда, дар якҷоягӣ бо коршиносону устодон баррасӣ намоянд. Ба ин васила, ҳамчунин онҳо дар бораи фаъолияти ҳамроҳони худ аз ноҳияҳои мухталиф тариқи ин гурӯҳи фейсбукӣ ошноӣ пайдо мекунанд.

Шогирдони муваффақу фаъоли минтақаҳо дар охири лоиҳа дар машғулияти чоррӯзаи “Тамоюли асосии ВАО–и ҷаҳонӣ”, ки дар пойтахт сурат мегирад, иштирок менамоянд.

Дар назар аст, ки лоиҳа беш аз 70 журналистони ҷавони таги 25-сола ва блогерҳо аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро фаро гирад ва умед мебандем, то ин иқдом ба пайдоиши номҳои нав дар фазои итиллоотии кишвар дар шароити пуррақобати фановариҳои итиллоотӣ мусоидат намояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here