Норасоии китобҳои дарсӣ дар муасссиаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бараъло мушоҳида шуда,  ба гуфти масъулони шуъбаи моарифи ноҳия имрӯз хонандагони мактабҳои ноҳия ба 21 ҳазор китобҳои дарсӣ эҳтёҷ доранд.

Китобдори шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Умар Қодиров бо изҳори ташвиш гуфт, ки имрӯз хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз норасоии китобҳои фанҳои ботаника, география барои синфи шаш, физика барои синфҳои ҳашт, нуҳ, даҳ ва асосҳои ҳуқуқ барои синфи 11-ум азият мекашанд.

— Барои дасрас кардани ин китобҳо мо ба Вазорати маориф ва илми кишвар мактуб ирсол кардаем, дар сурати ворид шудани китобҳо  ин мушкил бартараф хоҳад шуд, — илова кард ӯ.

Ҳамчунин, ин шахси масъул аз ҳолати хароб ва даридаву канда шудани баъзе китобҳо дар муассиаҳои таълимӣ ва камтаваҷҷуҳии китобдорону хонандагон изҳори ташвиш кард.

Айни замон дар ноҳияи мазкур 64 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 41 ҳазор хонанда таълиму тарбия мегиранд ва онҳо ба 21 ҳазор китоб ниёз доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here