Аз панҷ нафаре, ки дар муноқишаи дирӯза дар Ворух тир хӯрда буданд, як нафар, — муаллим Ҷамол Қараев дирӯз ҳалок шуда буд, вале айни замон ду нафари дигар ба ҷарроҳии такрорӣ ниёз доранд, аммо ҷониби қирғизон монеи гузаштани машинаҳои ёрии таъҷилӣ шудаанд. Дар бора Фараж бо истинод ба “ОИ Суғднюс” иттилоъ медиҳад. 

Мувофиқи маълумоти сарчашмаи мо, ки аз беморхонаи Ворух дидан кард, чор нафари дигар амалиёти ҷарроҳиро пушти сар гузоштанд. Вазъи саломатии ду нафар беҳтар аст, аммо ду нафари дигар ба ҷарроҳии такрорӣ ниёз доранд. Яке аз онҳоро, ки аз мавзеи шуш тир хӯрдааст, имкони ҷарроҳӣ дар деҳаи Ворух нест ва бояд дар беморхонае, ки шароити беҳтари тиббӣ дорад, ҷарроҳии такрорӣ шавад.

Аммо, дар ҳамин ҳол, ҷониби қирғизон монеи гузаштани машинаҳои ёрии таъҷилӣ шудаанд ва эҳтимол ин амали онҳо барои маҷрӯҳ оқибати фоҷиабор дошта бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here