Ҳафтаи равон ҷамъомади фаъолони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона баргузор хоҳад шуд. Он аъзои раёсати нав, комиссияи тафтишотӣ ва раиси нави ин маркази фарҳангиро интихоб хоҳад кард. Дар ин бора ба мухбири “Фараж” раиси гурӯҳи ташаббуси ташкили ҷамъомади интихоботии ин марказ  Масъуд Мирзоев иттилоъ дод.

Усмоналӣ Исмоилов тӯли бештар аз бист сол ба ҳайси раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона фаъолият кардааст. Вай фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Самарқанд буд, ки чанд соли охир ба бемории сахт мувоҷеҳ гардид ва табобатҳои гирифтааш ҷони ӯро аз хатари марг наҷот додан натавонистанд. Усмоналӣ Исмоилов аввали соли равон  бар асари ин беморӣ аз олам даргузашт. То ин муддат фаъолияти Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона ба далели набудани раис мутаваққиф буд.

Падари шодравон Усмоналӣ Исмоилов – Султоналӣ Исмоилов аз шахсиятҳое ба шумор мерафт, ки барои ташкили синфу мактабҳои тоҷикӣ дар вилоятҳои водии Фарғонаи Ӯзбекистон, ҳамчунин ба роҳ мондани гуфторҳои тоҷикии радиои вилояти Фарғона, талошҳои зиёд ба харҷ додааст ва дар ин кор хеле муваффақ шудааст.

Бо ибтикори Султоналӣ Исмоилов дар омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Чуст ва Косонсойи вилояти Намангон гурӯҳҳои тоҷикӣ таъсис дода шудаанд. Ҷавонони зиёди тоҷиктабори шаҳру рустоҳои вилоятҳои  Фарғона ва Намангон ин омӯзишгоҳро хатм кардаанд ва дар синфҳои ибтидоии мактабҳои тоҷикӣ ба шогирдон дарс додаанд.

Шодравон Султоналӣ Исмоилов солҳои дароз дар кумитаҳои ҳизбӣ кор кардааст. Баъдан то соли фавт, яъне соли 1978 ба ҳайси мухбири рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ҳоло “Овози тоҷик”) дар водии Фарғона фаъолият кардааст. Султоналӣ Исмоилов ин дунёро дар синни 53-солагӣ тарк кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Фарғона, Ӯзбекистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here