Бар асоси нақшаи дастгоҳи ҳокимияти вилояти Самарқанд майдони устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин шаҳри бостонӣ бозсозӣ мешавад.

Тавре ки ҷонишини ҳокими вилоят дар бахши сайёҳӣ Ботир Нуруллоев гуфт, дар вақтҳои охир ин майдон ба яке аз ҷойҳои фаромӯшшудаи шаҳр табдил ёфта буд, зеро як тараф чанд бетон гузошта буданд, ки ба вуруд ва хуруҷи одамон, воситаҳои нақлиёти онҳо монеаҳо эҷод мекард. Ба таъкиди ӯ аз ин лиҳоз ҳокимияти вилоят бозсозӣ намудани онро ба нақша даровард  ва рӯзҳои наздик ба ин корҳои бозсозӣ ҳусни оғоз хоҳанд бахшид.

— Мо майдони Рӯдакиро ба яке аз ҷойҳои зебо ва фароғатгоҳи мардуми шаҳр ва меҳмонони он табдил медиҳем. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз симоҳои барҷаста ва намоёни адабу фарҳанги тамоми мардуми шарқ шинохта шудааст. Ин майдон ба ҳамин ному манзалат бояд ҷавоб дода тавонад. Мардуми шаҳр, сайёҳони дохиливу хориҷӣ низ битавонанд вақти дилхоҳ дар ин ҷо вақтҳои холии худро бо хушҳолӣ ва фароғат сипарӣ кунанд,-гуфт ҷонишини ҳокими вилоят дар бахши рушди сайёҳӣ Ботир Нуруллоев.

Ба таъкиди мавсуф дар айни ҳол пайкараи устод Рӯдакӣ дар канори ин майдон ҷойгузин аст. Мебояд он дар маркази майдон ҷойгузин бошад ва мардум дар атрофи он сайругашт кунанд, ҳамчунин чорабиниҳои гуногун  дар атрофи он роҳандозӣ шаванд.

— Дар атрофи ин пайкара, ҳар ҷо-ҳар ҷои майдон фаввораҳо бунёд мекунем ва дар фасли гармо ин фаввораҳо ба ҷисму ҷони мардум ҳаловат мебахшанд. Гузашта аз ин, бубинед, ки пайкараи устод дар як канори ин майдон ҷой гирифтааст. Агар тибқи нақшаи ҷадид атрофи он ба майдони гаштугузор табдил ёбад, он гоҳ ин ҷо шукӯҳи тоза пайдо хоҳад кард,-иброз дошт Ботир Нуруллоев.

Ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд тазаккур дод, ки ҳадафи асосии анҷоми ҳамаи корҳое, ки дар майдони Рӯдакӣ барои иҷро барномарезӣ шудаанд, ба хотири тафреҳи мардум сурат хоҳанд гирифт.

-Гузашта аз ин,-афзуд Ботир Нуруллоев,-дар ин ҷо ҳунармандону санъаткорон метавонанд ҳунару маҳорат ва истеъдоди худро намоиш диҳанд, ба мардум шодиву фараҳ бубахшанд, рассомон  маҳсули корашонро ба маърази тамошогарон гузоранд.

-Дар чаҳор самти  майдон барпо намудани тарабхона ва қаҳвахонаҳои гуногун низ тарҳрезӣ шудаанд,-гуфт ҷонишини ҳокими вилоят.

Ба гуфтаи Ботир Нуруллоев мардуми ин шаҳр ҳамеша мехоҳанд, ки рӯзҳои истироҳат, хусусан шомгоҳон ба ин майдон оянд, вақти худро хушу гуворо гузаронанд. Барои ҳамин майдони тарҳрезишудаи нав масоҳати калонро ишғол хоҳад кард ва дар он тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда хоҳанд шуд. Ҳамчунин камераҳо низ гузошта хоҳанд шуд, ки ҷиҳати ҷилавгирии фаврӣ аз ҳодисаҳои ногувор мусоидат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд соҳибкорони шаҳр метавонанд дар иҷрои ин нақша ва ҷалби бештари мардум ва сайёҳон ҳамкорӣ кунанд, дар бунёди иншооти зарурӣ саҳми худро гузоранд.

Тошпӯлод Раҳматуллоев, яке аз журналистони варзидаи самарқандӣ ба хабарнигори “Фараж” ин иқдоми ҳокимияти вилояти Самарқандро хеле фоли нек арзёбӣ кард.

— Бисту панҷ-сӣ сол муқаддам ин майдон яке аз ҷойҳои серодами шаҳр ба шумор мерафт ва аз сайлгоҳҳои беҳтарин муаррифӣ шуда буд. Вале дар натиҷаи муносибати нодурусти баъзе раҳбарони собиқи вилоят ва шаҳрдории Самарқанд дӯконҳои зиёд яке аз паси дигар вайрон карда шуданд, оҳиста ин майдон аз назари мардум дур монд ва ба хароба табдил ёфт,-ёдовар шуд Тошпӯлод Раҳматуллоев.

Вай илова намуд, ки аз ин майдон танҳо номи Рӯдакӣ боқӣ монду бас. Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо кор то ҷое расида буд, ки ҳатто сокинони зиёди шаҳр низ фаромӯш карда буданд, ки майдоне ба номи Рӯдакӣ вуҷуд дорад.

— Хушбахтона, замона дигар шуд ва дар соҳаҳои гуногун қадамҳои ҷиддӣ гузошта мешаванд. Ҷонишини ҳокими вилоят  дар назди мо, журналистон нақшаи умумии бозсозии майдони Рӯдакиро муаррифӣ намуд ва хурсандии маро низ ҳадду канор нест. Зеро бо татбиқи ин гақша майдоне дубора эҳё мегардад, ки ба номи алломаи бузургамон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шудааст. Бовар дорам, ки ин ҷо оҳиста дубора ба яке аз майдонҳои зебои шаҳр табдил меёбад ва чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ маҳз дар ҳамин майдон баргузор мегарданд,-бо қаноатмандӣ гуфт Тошпӯлод Раҳматуллоев.

Ба таъкиди ин журналисти маъруфи самарқандӣ ба ин шаҳри куҳан омадани 500 ҳазор сайёҳон пешбинӣ шудааст ва ин рақам оҳиста ба 1 миллион нафар ва аз он бештар хоҳад расид. Тошпӯлод Раҳматуллоев ишора намуд, ки фарҳангиён зодрӯзи адибони гуногуннажодро низ метавонанд дар ҳамин майдон баргузор кунанд.

— Ин масъала қаблан дар ҳокимияти вилоят ва шаҳрдорӣ чанд бор матраҳ шуд, вале имрӯз ба чунин иқдоми нек даст заданд ва акнун дар мавриди бозсозии он ҷиддан машғул хоҳанд шуд. Замоне буд, ки пайкараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ин майдон бардошта шуд ва солҳои дароз барои барқарор намудани он касе ҷуръат накард. Ҳоло пайкараи бовиқори устод Рӯдакиро дида дилу дидаҳо шоду масрур гаштааст,-мегӯяд хабарнигори рӯзномаи “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода.

Ногуфта намонад, ки  солҳои пеш барои гузоштани пайкараи Одамушшуаро дар Самарқанд  Хазинаи Рӯдакӣ таъсис ёфта буд ва роҳбарии онро олими адабиётшинос ва фидоии миллат Садрӣ Саъдиев бар дӯш дошт. Гуфта мешавад, ба суратҳисоби ин Хазина аз мардуми Самарқанд, ҳокимияти шаҳр, Хазинаи забони тоҷикӣ, мудири китобхонаи миллии донишгоҳи Теҳрон Алӣ Кофӣ саҳмгузорӣ карда буданд. Маводи асосии пайкараро Шаҳриёр Мухторов ном боз як фидоии фарҳанг тоҷик ба зима дошт, ҳамчунин  дар ин кор ҳокимияти шаҳр ва Хазинаи Рӯдакӣ низ саҳмгузорӣ кардаанд.

Аз суҳбатҳои фарҳангиёни самарқандӣ маълум шуд, ки ҳамон замон бо тантанаи хос пайкараро гузоштанд, лентаро буриданд, майдони атрофашро обод карданд. Вале рӯзе фаро расид, ки ба касе чизе нагуфта, пайкараи устод Рӯдакиро аз ҷояш бардоштанд ва ба самти номаълум бурда пинҳон карданд. Ба шарофати навгониҳое, ки дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол ба вуқӯъ мепайвандад, ҳоло ин пайкара дубора дар ҳамон майдон қомат афрохтааст ва интизор меравад, ки ба ҷои дӯстдоштаи сокинони шаҳри Самарқанд ва меҳмонони он табдил хоҳад ёфт.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири махсуси “Фараж”.

Шаҳри Самарқанд.

 

Добавить комментарий