Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ» рӯйи чоп омад. Муассиси маҷаллаи илмӣ-назариявӣ Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, вазифаи сармуҳаррирӣ ба уҳдаи доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов, ки ҷиҳати бунёдгузорӣ саҳм дорад, вогузошта шудааст.
— Дар «Санъатшиносӣ» мақолаҳои илмӣ доир ба санъати мусиқӣ, рассомӣ, театр, рақс (опера ва балет), аккосӣ, кандакорӣ, ҳунарҳои қадимии халқи тоҷик ва дигар паҳлӯҳои санъатшиносӣ ба чоп мерасад. Ин маҷалла бо 200 нусха соле 4 ё 6 бор нашр хоҳад шуд,- хабар дод журналист Одил Нозир.