— Субъектҳои озоди иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли равон бо арзиши 18,8 миллион сомонӣ (13,1 млн доллар) маҳсулот истеҳсол кардаанд, — хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.

Бояд гуфт, ки дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ (МОИ) тақрибан 60 ширкати ватанию хориҷӣ сабти ном шудаанд. Ҳамин тавр, дар айни ҳол, аз шумораи умумии субъектҳо, ки дар МОИ ба қайд гирифта шудаанд, тақрибан 22 адади онҳо ба истеҳсол ва хизматрасонӣ машғул мебошанд.

Ба таври дақиқ, 11 корхона дар МОИ Суғд, нуҳ корхона дар МОИ Данғара ва ду корхона дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ маҳсулот истеҳсол мекунанд.

Субъектҳои МОИ Суғд дар ин давра дар ҳаҷми 126,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар МОИ Данғара бошад, ин рақам беш аз 22,6 миллион сомониро ташкил мекунад.

Гулрӯ Суҳробзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here