Бахшида ба ёдбуд ва ҷашни 105-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ оҳангсоз ва шоири шинохтаи тоҷик, дар Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфили фарҳангии “Шоми хотирот” баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, чорабинии мазкур 14-уми майи соли равон соати 19:00 бо ибтикори бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пешрфат” сурат мегирад.
Оҳангсоз, шоир, Арбоби намоёни сиёсӣ-ҷамъиятии замони шӯравӣ, Зиёдулло Шаҳидӣ (1914-1985) зодаи шаҳри Самарқанд буда, аввалин бастакори тоҷик, хатмкардаи мактаби компазитории консерваторияи Москва мебошад, ки бо эҷоди баландмазмунаш мусиқии миллиро бо мусиқии ҷаҳонӣ пайвастааст.