Хабарнигор Маҳдӣ Собир пӯсту пашмро “боигарии миллӣ” хонда, аз Раёсати “Тоҷикматлубот” даъват кард, ки ба ҷамъоварии он оғоз намоянд. Номбурда имрӯз дар нишасти матбуотии “Иттифоқи Тоҷикматлубот”-и кишвар ҷамъоварии пӯсту пашмро “вазифаи ҷонии “Тоҷикматлубот”” дониста, аз замони шӯравӣ ёдовар шуд.

Ба гуфтаи М. Собир, он замон “Тоҷикматлубот” аз аҳолӣ пӯсту пашмро харидорӣ карда, барои истифода пешниҳод мекард. Ҳоло бошад, пӯсту пашм дар кӯчаҳо рехтаасту касеро парвое нест.

Раиси “Кооператсияи Иттифоқи Тоҷикматлубот” Ҳусейн Идиев гуфт, корхона дар замони роҳбари қаблӣ, то 5 соли пеш, пӯсту пашмро аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекард, аммо бо сабаби набудани талабот ва коркард дар кишвар зарар дидаанд.

— Аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шояд ягона Иттифоқи матлубот дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Имрӯзҳо новобаста аз шакли моликият ҳар як ташкилот ҳаракат мекунад, ки зарарашро аз фоидааш донад. Агар рафту дигар соҳаҳо кор кунанду ба пӯсту пашм талабот шавад, мо таёрем, ки ашёи хомро ҷамъоварӣ карда, ба онҳо фурӯшем. Ягон нафар ба зарар кор намекунад,- гуфт Ҳусейн Идиев.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here