Соҳибкори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Сафарбек Музаффаров бо ёрии Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афгонистон» (LITAKA) коргоҳи коркарди ширро бунёд кард, ки 7 намуди маҳсулоти хушсифати ширӣ истеҳсол мекунад.
Дар ҳоли ҳозир коргоҳи ӯ танҳо сокинони ноҳияи Панҷро бо маҳсулоти тару тозаи ширӣ таъмин мекунад. Бо роҳандозии ин коргоҳ фаъолияти фермаи чорвопарварии ҷамоати «Намуна»-и ҳамин ноҳия низ равнақ пайдо кард. Коргоҳи коркарди шир ҳамарӯза то 300 литр шири ин фермаро харидорӣ мекунад.
Рушан Сафӣ, роҳбари Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афгонистон» (LITAKA) дар давлати Афғонистон зимни ифтитоҳи ин коргоҳ гуфт: “Дар минтақаҳои дурдасти Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, чунин коргоҳи шир мавҷуд нест ва дар сурати афзоиши маҳсулот ин коргоҳ, дар қаламрави Афғонистон, ба хусус дар Қундуз ва Тахор мизоҷони фаровон пайдо мекунанд”.
Мақсади аслии Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» низ ҳамин аст, ба воситаи рушд ва буҳбуди сатҳи зиндагии мардуми наздимарзии ду кишвар субот ва амниятро дар ин кишварҳо устувор гардонад.
Айни замон марҳилаи дуюми лоиҳаи LITACA, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон тавасути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (JICA), аз ҷониби БРСММ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистону Афғонистон амалӣ шуда истодааст.
Дар марҳилаи аввали Лоиҳа 86 иншооти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ, пойгоҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар маҷмӯъ 249 ҳазор нафар бошандагони ноҳияҳои наздичарҳадӣ баҳра гирифтанд. Банақшагирии рушди маҳал ва абзори технологияҳои иттилоотӣ барои беҳгардонии раванди мудирият ба 220 корманди ҳокимияти маҳаллӣ дар 8 ноҳияи ҳадафии Тоҷикистон, ки 29 нафари онҳо занон буданд дар чаҳорчубаи ин лоиҳа амалӣ намуда шудааст. Ҳама чорабиниҳои зери лоиҳа таҳрезишуда ба беҳдошти сатҳи зиндагӣ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон мусоидат намуд.
Қобили зикр аст, ки 185 соҳибкор ва ҳудуди 500 шахси бекор дар Тоҷикистон соҳиби донишҳои тахассусӣ ва касбу кори мавриди ниёзи аҳолӣ шуданд, ки барои некуаҳволӣ ва зиндагии беҳтарашон саҳм гузошт. Ҳамчунин дар он тарафи марз 176 зани соҳибкор донишҳои иқтисодӣ ва ҳуқи худро баланд бардоштанд. Дар натиҷа беш аз 500 нафар сокинони маҳалии Афғонистон имрӯз бо кори доимӣ таъмин ҳастанд.
Дар марҳилаи дувум, ки тули солҳои 2018 то 2020 фаъолият мекунад, ба андозаи 10,7 млн доллари ИМА барои Тоҷикистону (3,8 млн доллар) Афғонистон (6,9 млн доллар) маблағгузорӣ шудааст. Ҳадафи ин марҳила дастарсии бештари мардум ба зерсохтҳои беҳтару хидматрасониҳои иқтисодӣ мебошад. Ва тавсеаи имконоти фарогирӣ бо кор дар минтақаҳои назди марзӣ мебошад.
Дар ҳоли ҳозир дар коргоҳи Сафарбек Музаффаров 8 нафар бо кор таъмин шуда ба воситаи ин коргоҳ дигар бахшҳои тиҷорат низ рӯ ба рушд аст. Ба гуфтаи коршиносон, агар маҳсулоти коргоҳи мазкур ба сокинони кишвари ҳамсоя дастрас шавад, занҷираи арзиши эҷодкардаи соҳибкорони тоҷик давомдор мебошад. Дар ҳамин росто Афғонистон беҳтарин ва муносибтарин усули дастрасии тоҷирони тоҷик ба роҳҳои баҳрӣ аст. Бинобар ин комёбии лоиҳаи LITAKA барои рушду пешрафти иқтисод ва сатҳи зиндагии ҳарду кишвар бисёр муҳим дониста мешавад.
Шахноз Комилзода,
хабарнигор