Тӯли 5 ҳафта аст, ки кормандони муассисаи нашриявии «Адиб» лотереяи «Китоб — манбаи дониш»-ро пешкашӣ ҳаводорони илму адаб мекунанд.

Дар ин лотерея ҳар фард метавонад китоб харад ва соҳиби варақаи лотерея гашта, дар ҷамъбасти лотерея соҳиби бурд шавад. Ин маъракаро рӯзҳои шанбе дар Боғи устод Рӯдакӣ дар шаҳри Душабне баргузор мекунанд. Ҳадафи баргузории ин лотерея ба фурӯш баровардани китобҳо, баланд бардоштани сатҳи саводнокии хонандагон ва ҷалб намудани таваҷҷӯҳи насли ҷавон ба мутолиаи китобҳо мебошад.

Лотереяи молии тиражии «Китоб — манбаи дониш» дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ — 22-юми июни соли равон, дар макони баргузории бозии лотерея, ҷамъбаст мегардад. Инчунин, бурдҳоро дар рӯзи ҷашн ба соҳибонашон хоҳанд супурд.

Таҳмина Юсупова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here