Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), ки ба баргузории чемпионатҳои дохилии кишвар масъул аст, сомонаи расмии худро роҳандозӣ кард. Дар ин бора аз маркази матбуоти Федератсияи футбол хабар доданд.
Сомонаи расмии ЛФТ дар ду суроға дастарси хонандагон ва мухлисони футбол қарор гирифтааст. Шумо метавонед бо чидани суроғаҳои https://tfl.tj/ ва https://www.flt.tj/ ба ин сомона дастарсӣ пайдо кунед.
Лигаи футболи Тоҷикистон масъули баргузории чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ, Лигаи якум, мусобиқаи ҳайати дуюми дастаҳо, Ҷом ва Супреҷоми Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ мебошад.
Сомона дар нақша гирифтааст, ки вохӯриҳои зери мушоияташ баргузоршавандаро ба таври зинда пешкаши мухлисон кунад.