Мухлисони футбол дишаб интизори як набарди сахту сангине дар Боку миёни ду дасти англисӣ, ки дар финали Лигаи Аврупо бозӣ мекарданд, буданд, аммо дар асл агар голҳои қисми дуюм намубед, кӣ медонад чӣ мешуд.

Финали яке аз мусобиқоти бошукуҳи футболи Аврупо дар Озарбойҷон баргузор шуд. Ба ҳамин далел, аввал бояд аз бозигари маъруфи армании «Арсенал» Ҳенрих Мхитарян ёдовар шавем, ки дар ин бозӣ ширкат накард. Ӯ ба далели он, ки кишвараш бо Озарбойҷон хусумати сиёсӣ дорад, аз сафар ба Боку худдорӣ кард.

Гуфта мешавад, ки аз 6000 билете, ки UEFA барои мухлисони ҳарду даста ҷудо карда буд, наздики 2000-ро ҳаводорони «Челсӣ» харидаанд ва 3500 билети дигарро мухлисони «Арсенал». Аз Англия ба масофаи 30 000 километр масофа доштани Боку ва баднафсии соҳибони меҳмонсароҳои озарӣ боис шуда, ки сафи камтари сайёҳону мухлисони футбол дар ин вақт ба ин ҷо оянд.

Хуб, ба ҳар ҳол инҳо боис намешуданд, ки финал баргузор нашавад. Барои «Челсӣ» ва махсусан сармураббӣ Саррӣ ин ҷоиза зарур буд, аммо барои «Арсенал» зарури зарур буд. Саррӣ бояд бо ғалаба идомаи корномаашро дар «Челсӣ» таъмин мекард ва «Арсенал» бо ин роҳ бояд ба мавсими нави Лигаи чемпионҳо роҳ меёфт.

Хулоса, бозӣ оғоз шуд ва қисми якуми беголу хушку холӣ анҷом ёфт. Танҳо як зарбаи Гранит Ҷака Бокуро ларзонд, аммо ҳеч куҷо хароб нашуд, касе шоду касе ғамгин нашуд. Қисми дуюм дар чанд дақиқа голҳо паси ҳам зада шуданд ва як бозии маъмулии бидуни набард бо натиҷаи 4:1 бар нафъи «Челсӣ» ба анҷом расид.

Барои «Челсӣ» ин дуюмин ғалаба дар Лигаи футболи Аврупо аст. Дастаи лондонӣ дар соли 2013 низ пирӯз шуда буд.

Лиги Аврупо. Финал

Челсӣ (Англия) – Арсенал (Англия) – 4:1 (0:0)

Голҳо: 1:0 – Жиру, 49; 2:0 – Педро, 60; 3:0 – Азар (аз пеналтӣ), 65; 3:1 – Ивобӣ, 69; 4:1 – Азар, 72.

«Челсӣ»: Кепа, Жоржинйо, Канте, Азар (Дзаппакоста, 89), Педро (Виллиан, 71), Ковачич (Игуаин, 76), Жиру, Кристенсен, Аспиликуэта, Луис, Эмерсон.

«Арсенал»: Чех, Сократис, Косиелни, Лаказетт, Озил (Уиллок, 77), Торрейра (Ивобӣ, 66), Обамеянг, Мэйтленд-Найлс, Монреаь (Қундузӣ, 66), Колашинас, Ҷака.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here