Гумрукчиён дар ҳудуди ноҳияи Варзоб як мошини ҳомили сарулибосро боздошт карданд, ки бе ҳуҷҷати гумрукӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд.
16-уми сентябри соли 2017 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Зафира» рақами қайди давлатиаш 68 59 ЕА 02, ки таҳти идораи шаҳрванд Х. К., соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан деҳаи Даҳяк қарор дошт, боздошт карда шуд.
Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ муайян карда шуд, ки дар дохили воситаи нақлиёт, либосвории кудаконаи мактабӣ аз қабили шиму кастюм ва дигар намуди либосҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Узбекистон, бо вазни умумии