Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) футболбози лаҳистонӣ Роберт Левандовскийро беҳтарин бозигари соли 2020 номид. Ин маросим рӯзи панҷшанбе онлайн баргузор шуд.

Барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза ба ғайр аз ҳуҷумкунандаи 32-солаи клуби футболи «Байерн» (Олмон), португалӣ Криштиану Роналду (аз «Ювентус»-и Италия) ва аргентинӣ Лионел Мессӣ (аз «Барселона»- Испания) низ талабгор буданд. Ин ду нафар чанд соли охир ин ҷоизаро байни худ тақсим мекарданд, аммо ин навбат Левандовский тавонист, ки бо нишондиҳандаҳои беҳтар унвони беҳтарин футболбозро аз худ кунад.

Дар мавсими 2019/20 Левандовский бо «Байерн Мюнхен» дар Бундеслига чемпион шуд, Ҷоми Олмон, Суперҷом ва Лигаи чемпионҳои Аврупоро ба даст овард. Ин форвард дар ин мавсим 55 гол зада, 10 партофти головар анҷом додааст.

Левандовский аз соли 2014 «Байерн Мюнхен»-ро намояндагӣ мекунад. Вай инчунин дар дастаҳои «Боруссия»-и Олмон, «Знич» ва «Лех»-и Лаҳистон бозӣ кардааст. Соли 2020, ӯ инчунин аз ҷониби Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (UEFA) беҳтарин бозигар баргузида шуда буд.

Ҷоизаи беҳтарин футболбози FIFA соли 2016 таъсис ёфтааст. Илова бар Роналду, Мессӣ ва Левандовский, Лука Модричи хорватӣ барандаи он гардидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here