Директори маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳри Левакант Зуҳро Иброҳимзода ба вазифаи муовини раиси ин шаҳри вилояти Хатлон таъйин карда шуд. 

Як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант хабар дод, ки тайи ҳафт моҳи охир воҳиди кории муовини раиси шаҳр холӣ буд.  Имрӯз, 12-июн, дар мувофиқа бо призиденти кишвар, Зуҳро Ибаргимзода ба ин вазифа таъйин гардид.

Ба гуфти манбаъ, то ҳафт моҳи пеш дар ин курсӣ Наргис Қурбонова менишаст ва бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштан аз ин кор рафта буд.

Ҳамчунин, ба ҷойи Абдулмуминзода Аҳлиддин, ки то чанд моҳ пеш вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Левакантро ба уҳда дошт,  Кабирзода Неъматулло омадааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here