Дар шаҳри Левакант қарзи музди меҳнати ташкилоту идораҳо ба 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ баробар шудаст, ки омили онро масъулон дар пурра иҷро нашудани қисми даромади буҷети шаҳр арзёбӣ карданд.
Муовини сардори Раёсати молияи шаҳри Левакант Расул Шириналиев гуфт, ки аксари ин қарзҳо ба соҳаи маориф рост меоянд. Ӯ зикр кард, ки аз сабаби сад дарсад иҷро нашудани қисми даромади буҷети шаҳр, ҳоло қарзи музди меҳнати ташкилоту идораҳои буҷетӣ зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
— Ин қарзҳо аз моҳи апрел то инҷониб ҷамъ шудаанд, — илова кард номбурда. — Зеро дар 5 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети шаҳр 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ иҷро нашудааст.
Аз нозироти андози шаҳри Левакант ба мо хабар доданд, ки дар шаш моҳи соли равон қисми даромади буҷети шаҳр 71 дарсад иҷро шудаасту халос.
Ба иттилои масъулони андози шаҳр омили сад дарсад иҷро нашудани қисми даромади буҷети шаҳр таъсири бемории COVID-19 мебошад.
Вале, Расул Шириналиев, муовини роҳбари молияи шаҳр, илова кард, ки кӯшиш доранд, ки пурра қарзи музди меҳнати ташкилоту идораҳои буҷетиро пардохт кунанд.