Раиси шаҳри Леваканд Заррина Давлатзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ояндаи наздик шаҳри Леваканд ба Париж шабеҳ хоҳад шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар даромадгоҳи шаҳри Леваканд сохтмони нусхаи манораи “Эйфел”, ки дар маркази пойтахти Фаронса қомат афрохтаву шуҳратёр шудааст, идома дорад.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки ин манора бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд хоҳад шуд. Аммо раиси шаҳр нагуфт, ки барои сохтмони ин манора чӣ миқдор мабалғ сарф хоҳад шуд.

Чунин манора соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб низ сохта шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here