Дар шаҳри Леваканд бо харҷи 1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ сохтмони бинои маъмурии адлия ба анҷом расидаст, ки рӯзҳои наздик бо иштироки  вазири адлия ва раиси вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Аз  бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Леваканд ба мо хабар доданд, ки фармоишгари сохтмони мазкур Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ҶДММ «Мерос сохтмон» мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда 100 дарсад иҷро шуда, дар назар аст, бино дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.  Баъди ба истифода додани ин иншоот 6 ҷойи кории нав ташкил хоҳад шуд.

Ҳамчунин, бо дастгирии мақомоти маҳаллии шаҳри Леваканд ва сармоягузории соҳибкор Абдураҳим Ҳақназаров дар шаҳр як майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар паҳлуи ин майдончаи варзишӣ сохтмони гармоба, сартарошхона, дукони фурӯши гушт ва меҳмонхона идома дорад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор ҷудо карда шудааст. Баъди сохта мавриди барҳрабордорӣ қарор додани ин иншоот наздик ба 10 нафар бо ҷойи корӣ доими таъмин хоҳанд шуд.

М. Додарбеков

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here