Маҷаллаи «France Football» ҳуҷумкунандаи клуби футболи «Барселона»-и Испания аргентинагӣ Лионел Мессиро беҳтарин футболбози соли 2019 эътироф кард.

Мессӣ дар ин мавсим ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овард. Ин маротибаи шашум аст, ки Лое соҳиби ин ҷоиза мешавад. Ин рекорди мутлақ аст.

Дар ин мавсим дар баробари Мессӣ нафарони дигар низ талабгори ин ҷоиза буданд. Дар овоздиҳӣ Лионел Мессӣ аз Вирҷил ван Дайк (Ливерпул), Криштиану Роналду (Ювентус) ва Садио Мане (Ливерпул) раъйҳои бештар ба даст овард.

Дар мавсими 2019-ум Мессӣ дар чемпионати Испания пирӯз шуд ва бо дастаи мунтахаби кишвараш барандаи медали биринҷии Ҷоми Амрико гардид.

Ин футболбози 32-сола аз аввали соли тақвимӣ дар 54 бозӣ ширкат карда, 46 гол задаст ва 18 партофти головар кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here