Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии Федератсиюни Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт. Шавкат Мирзиёев аз тавсеаи муносибатҳои ду кишвар, ки мақоми стратегиро касб намудааст,  таъкид варзид ва афзуд, ки чунин раванди ҳамкориҳо ба манфиати ҳарду кишвар хидмат мекунанд.

Дар ин бора Оҷонсии миллии иттилоотии “Ӯза” хабар дод. Бино ба ин манбаъ баргузории мулоқотҳои давомдор дар сатҳи олӣ, фаъол гардидани мубодилаҳои дуҷониба ва вусъат пайдо кардани ҳамкориҳои доманфарох дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармояҳо, барқ, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангу инсондӯстӣ, таълимӣ ва соҳаҳои дигар баёнгари ҳамин тавсеаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар мебошанд.

Сергей Лавров аз чунин пазироии гарму ҷӯшон ба сарвари давлати Ӯзбекистон арзи сопос кард ва ба Шавкат Мирзиёев салому паёми Президенти Русия Владимир Путинро расонд. Вай низ таъкид кард, ки бар асари талошҳои сарварони ду давлат ҷонибҳо ба чунин муваффақиятҳо даст ёфтаанд.

Дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ӯзбекистон ва иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии Федератсиюни Русия роҷеъ ба масъалаҳои вазъияти байналхалқӣ ва минтақавӣ низ табодули назар сурат гирифт.

Баъд, Сергей Лавров дар филиали Институти давлатии робитаҳои байналхалқии Маскави ВКХ воқеъ дар шаҳри Тошканд мулоқот баргузор намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки тамоми солҳои сипаришуда вазифаҳои ба зима доштаашро сарбаландона анҷом додааст.

Ба суоли он, ки оё вай дар ҳукумати нави Михаил Мишустин низ соҳиби ягон вазифа хоҳад шуд, ё на, посух дод, ки ҳоло низ ин вазифаро бо эҳсоси масъулият идома медиҳад.

15 январ баъди хитобаи Президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси федеролӣ нахуствазири ин кишвар Дмитрий Медведев истеъфои ҳукуматашро эълон кард.

Путин ба Думаи давлатӣ ба мақоми нахуствазир номзадии раиси Хадамоти федеролии андоз Михаил Мишустинро пешбарӣ намуд. Гуфта мешавад, ки номзадии сардори нави ҳукуматро ҳизби “Русияи воҳид” дастгирӣ намудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here