Ду сокини шаҳри Душанбе 25-уми сентябри соли 2018 бо ҳамроҳии марди 24-солаи сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштанашон тариқи ошкоро ва бо таҳдиди зӯроварӣ ба як сокини шаҳри Кӯлоб ҳуҷум намуда, бо истифодаи корд ва таппонча ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонида, аз ӯ як миллион рубли русиро тасарруф намудаанд.

Бино бар маълумоти ВКД гумонбарон барои рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудаашон худи ҳамон рӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштаанд, аммо дар паи як амалиёти оперативию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуданд. Феълан нисбати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 249, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ  оғоз гардидаааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here