Дар назар аст, ки Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» мавзуъҳои «Ҷойгаҳи тоҷикон дар Афғонистон» ва  «Интихобот дар Афғонистон»-ро ба риштаи таҳлил бикашад. Перомуни мавзуъҳои баррасишаванда шоир, нависанда, рӯзноманигор, номзад ба мақоми президентӣ дар Афғонистон, Роҳбари «Кунгураи миллӣ”-и Афғонистон Латиф Пидром андешаронӣ мекунад.

Маҳфили мазкур рӯзи 20-уми феврали соли 2020 (рӯзи панҷшанбе) дар «Кохи афсарон» (к. Фотеҳ Ниёзӣ, 54,ошёнаи 3-юм) баргузор мегардад, ки ба он намояндагони ВАО-и кишвар, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, олимон, сиёсатшиносон, таҳлилгарон ва намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар даъват гардидаанд.

Латиф Пидром соли 1963 дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон буда, ҳоло узви парлумони Афғонистон аз вилояти Бадахшон мебошад.

2 ШАРҲҲОИ

  1. 20 февраль рузи ч,ума мишавад, тассалдук, к,урбонат шавам. Йо шумо бо так,вими аьроби кор микунид.

    • Кори бово, руи кунтон сиё, худатон таквими кучо ки кор каросед? Я бор чишми куратона муллоба ё табибба нишон тед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here