13-уми январи соли равон дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини вазир Латофат Назирӣ ва аъзои ҳакамон маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” баргузор гардид.

Нахуст вазири маориф ва илм М. Имомзода иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омода аст, ки омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва меҳнати онҳоро қадрдонӣ кунад. “Озмун имкон дод, ки иштирокдорон таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ намоянд ва дар дарсҳо маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд”, — гуфт ӯ.

Ҳамчунин, вазир аз фаъолияти ҳакамон, мутасаддиён ва ҳамкории ВАО барои мунтазам ба нашр расонидани хабару гузоришҳо дар бораи ҷараёни баргузории озмун изҳори сипос кард.

Сипас, раиси ҳайати ҳакамони озмун Манзура Мадатзода изҳор дошт, ки тибқи талаботи низомнома доварон маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии ҳар довталабро таҳлил намуда, баҳогузорӣ карданд. Дар баробари ин, иҷрои талаботи ҳар яке аз шартҳо миёни иштирокдорон муҳокима гардида,  андешаи онҳо низ аз тарафи ҳайати ҳакамон ба инобат гирифта шуд. Раиси Кумитаи тадорукоти озмун Вайсиддин Исмоилов қайд кард, ки дар давоми 3 рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд.

Дар натиҷаи баҳогузорӣ ва хулосаи ҳакамон омӯзгори химияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020” дониста шуд. Инчунин, омӯзгори биологияи муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Ҷалолова ҷойи дуюм, омӯзгори географияи мактаби президентӣ дар шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода ва омӯзгори забони англисии литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ Сайлӣ Наврӯзбекова ҷойҳои сеюмро ба даст оварда, бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, омӯзгори забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав Тоҳирҷон Холиқов барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Дар охир М. Имомзода ғолибонро табрик гуфта, таъкид кард, ки вобаста ба истифодаи роҳу усулҳои муосири таълим дар рӯзнома ва маҷаллаҳои соҳавӣ мақолаҳо ба табъ расонанд ва ба ин васила, дар беҳтар гардонидани сифати таҳсилот, баланд бардоштани дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ саҳми босазо гузоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here