Як сокини ноҳияи Ашт бо асо ба сари падараш зада, ӯро куштааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.
Сокини 42-солаи ноҳияи Ашт 21-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 17:30, дар ҳавлии истиқоматиашон бо падараш, марди 86-сола ҷангу ҷанҷол кардаааст. Дар рафти муноқиша писар бо асо 1 маротиба ба сари падараш задааст. Дар натиҷаи ин зарба мӯсафед ба замин афтидаааст. Бо ба замин афтодан пири 86-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ дастгир карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.