Зане дар ноҳияи Бобоҷони Ғафурови вилояти Суғд ҳамсарашро ба қатл расонидааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.

Ин зани 22-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

5-уми декабри соли 2017, тахминан соати 18:00 дар ҳавлии истиқоматиаш зан бо шавҳари худ даъво кардаааст. Дар рафтаи муноқиша гумонбаршуда бо корди ошхона 1 маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст, ки дар натиҷа марди 22-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here