Маркази матбуоти ВКД аз чанд ҳодисаи куштор ва даъвои кӯчагӣ хабар дод, ки ҷинояткорон бо корд ба ҷониби муқобил ҳамла карда, захмдор кардаанд ва дар ду ҳолат ба ҳалокат ҳам расондаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини кӯчаи Лоҳутии шаҳри Конибодом, ки пеш бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст.

Номбурда, 24-уми июни соли 2019, тахминан соати 16:00, бо мақсади куштор ба ҳавлии истиқоматии марди 54-солаи сокини шаҳри мазкур омада, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба қафаси синаи ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Истиқлол бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир гардидааст. Номбурда, 23-юми июни соли 2019, тахминан соати 20:10, дар роҳи нақлиётгарди кӯчаи Полвонови шаҳри Хуҷанд, дар рӯ ба рӯи бинои Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемологӣ, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо ду нафар марди 32 ва 40-солаи сокини ин шаҳр, даъво роҳ андохта, бо корд 1 маротибаӣ ба шиками онҳо задааст. Дар натиҷа нафарони ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Номбурда дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҷавондухтари 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даъво карда, бо корд 1 маротиба ба қисмати поёни шикамаш задааст. Дар натиҷа зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here