Як мард дар Ёвон ҳамсарашро куштаасту яки дигар дар Конибодом қасди чунин корро доштааст. Ҳардуи ин ҳодиса дар заминаи даъвои оилавӣ ва рашк ба вуқуъ пайвастаанд.

27-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон як фоҷиаи даҳшатангез ба вуқӯъ пайваст ва мардуми ин ноҳияро ваҳшатзада кард.

Қарақулов Урозбек дар манзили истиқоматияш дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашки беасос бо корди хоҷагӣ бо бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими бадани ҳасараш, модари 3 фарзанд Бобоҷонова Бибихоли 32-сола, мезанад, ки ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, ба ҳалокат мерасад.

Як марди 40-солаи сокини деҳаи Лоҳутии шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар ба суиқасди одамкушӣ, дастгир карда шудааст. Ин мард, 30-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 09:30, бо ҳамсараш зани 36-сола, дар ҳавлии истиқоматиаш даъво карда, бо корд 2 маротиба ба гардани ӯ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here