Ду ҷавон дар шаҳри Душанбе даъво роҳ андохтаанд, ки дар рафти муноқиша яке дигареро бо корд ба ҳалокат расонидааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Сино, ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.  Номбурда, рӯзи 8-уми октябри соли 2019, тахминан соати 07:40, дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо ҷавони 17-солаи сокини кӯчаи Ҳаёти Нав вохӯрда, аз бо ӯ даъво кардааст ва дар рафти муноқиша бо корд 1 маротиба ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here