Ду марди синну солашон аз 60 боло, бо ҳам ҷангу даъво кардаанд, ки дар натиҷа яке ҷони худро аз даст додаву дигаре аз озодӣ маҳрум шудааст.

Як марди 62-солаи сокини деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ашт рӯзи 27-уми августи соли 2017, тахминан соати 19:00, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкур бо марди 61-солаи ҳамдеҳааш, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, вохӯрда, аз сабаби доштани хусумати шахсӣ бо ӯ ҷангу даъво кардааст. Вай бо дасту пояш ба сару рӯи ин мард якчанд маротиба зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Мутаассифона, ҳоли ҷабрдида беҳ нашуда, 2-юми сентябри соли 2017 ба ҳалокат расидааст.

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муштзӯрро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд. Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here