Як мард дар сари даъво аз назорати худ хориҷ шуда, келинашро бо табар ба қатл расонидааст ва баъд ба худ омада дар ин бора ба кормандони милиса хабар додааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД иттилоъ дод.

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан марди 52-солаи сокини деҳаи Қалъачаи-Калони шаҳри мазкур омада, муроҷиат кардааст, ки рӯзи 14-уми феврал, тахминан соати 13:00, дар ҳавлии истиқоматиаш бо келинаш муноқиша карда, бо табар 6 маротиба ба аъзои бадани зани 27-сола задааст. Дар натиҷа, зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here