5-уми августи соли 2018, аз соҳили дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон, ҷасади марди 44-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 18-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда санаи 1-уми августи соли 2018, тахминан соати 13:00, бо мақсади куштан ва аз худ кардани сечархаи барқии марди 44-солаи сокини деҳаи Хушобиёни ноҳияи Кӯшониён, ӯро бо роҳи фиреб ба ҷамоати шаҳраки Бохтариёни соҳили дарёи Вахш, дур аз маҳаллаи аҳолинишин бурда, бо корд ба қатл расонида, барои рӯйпӯш намудани ҷиноят ҷасадро ба дарёи Вахш партофтааст.

Баъдан, сечархаи марди кушташударо гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here