Ду нафар дар ҳолати мастӣ як нафари дигарро ба қатл расонида, дар чуқурии якуним метр зери хок кардаанд. Дар ин бора маркази матуботи ВКД хабар дод.

Рӯзи 31-уми августи соли 2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон О.Р., соли таваллудаш 1979, сокини деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ ва С.М., соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Чилмеҳроби ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, рӯзи 26-уми майи соли 2019, тахминан соати 22:30, ҳангоми дар хонаи истиқоматии навбунёди С.М., воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод, дар ҳолати мастӣ қарор доштан бо М.А., сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, соли таваллудаш 1971, даъво роҳ андохта, ӯро латукӯб кардаанд. Дар рафти муноқиша О.Р. бо дастаи бели хоҷагӣ 1 маротиба ба пушти сари М.А. зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Баъдан, номбурдагон бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷинояти мазкур ҷасади М.А.-ро дар замини ҳавлии истиқоматии мазкур дар чуқурии 1,5 метр гӯр кардаанд.

Нисбати О.Р. ва С.М. бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here