Кумитаи сарҳади Тоҷикистон аз ду даргирии мусаллаҳона бо қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва кашфу забти беш аз 60 кг ҳашиш ва миқдоре силоҳу муҳиммот хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки  дар ду даргирии ҷудогона дар ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонӣ дар марзи муштараки Тоҷиктон бо Афғонистон ду қочоқчӣ низ кушта шудаанд. Дар даргирии нахуст бо қочоқчиёни маводи мухаддир, ки қасд доштанд аз марзҳои Афғонистон ба дохили қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд, як қочоқчӣ кушта шуда, дигарон фирор карданд.

Дар маҳалли ҳодиса 50 кг ҳашиш, як адад силоҳи Калашников, 81 адад тир ва ду норинҷаки дастӣ кашфу мусодира шудааст.

Дар амалиёти дигаре дар дидбонгоҳи сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ, дар марз бо Афғонистон низ як қочоқчӣ кушта ва аз маҳалли даргирӣ 13 кг ҳашиш ва миқдоре аслиҳа ва муҳиммот кашфу мусодира шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here