Тӯфони «Ирма» бо барҷой гузоштани 14 кушта то кунун, бо суръат ба самти иёлати Флоридаи Америка пеш меравад.

Тӯфони даҳшатноки «Ирма» ба унвони яке аз қудратмандтарин офатҳои ним асри охир аст, ки бо суръати ҳудуди 290 километр дар як соат ба самти иёлати Флоридаи Америка мевазад.

Ин тӯфон бо убур аз маҷмаи алҷазоирии баҳри Кариб, илова бар хисороти молии фаровон, то кунун 14 кушта ва беш аз 30 захмӣ барҷой гузоштааст.

Гуфта мешавад, ки тӯфон акнун ҳудуди 900 километр бо шаҳри соҳилии Маями Бичи Флорида фосила дошта ва бо суръат ба он наздик мешавад. Ба ин адлел дар ин иёлат ҳолати фавқулодда ва омодабош эълон шудааст.

Сухангӯи неругоҳҳои ҳастаии Флорида эълон кардааст, ки ин ширкат қабл аз бархурди тӯфон бо ин минтақа, 4 реактори худро аз мадор хориҷ мекунад, ки ба ҳамин сабаб эҳтимоли бебарқии пурра дар Флорида вуҷуд дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here