Шумораи қурбониёни амали террористии рӯзи шанбе дар Кобули Афғонистон ба 103 ва осебдидагон ба 235 нафар расидааст. Дар ин бора дирӯз вазири корҳои хориҷии Афғонистон Вайс Бармак хабар дод.
Ду мошин, ки ба сурати мошини ёрии таъҷилӣ ранг карда шуда буданд, аз як постгоҳи наздики бинои собиқи ВКД гузашта дар тавақуфгоҳи бемористони «Ҷумҳурият» ист кардаанд. Баъди чанде яке аз мошинҳо инҷоро тарк кардааст, дигарӣ ба ҷониби постгоҳи дуюм рафтааст ва кӯшиши ба ҳудуди гарнизони ВКД ворид шуданро кардааст. Баъди он, ки ин мошин аз ҷониби полис нигоҳ дошта мешавад, дар постгоҳи дуюм таркиш ба амал меояд. Дар байни қурбониён кормандони полис будаанд, ки панҷ нафари онҳо дар постгоҳ кушта шудаанд ва 30 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Маълум шудааст, ки дар наздикии ҷойи таркиш роҳбари Фармондеҳии марказии қувваҳои ҳарбии ИМА қарор доштааст.
Таркиш дар наздикии муассисаҳои давлатӣ ва сафоратхонаҳо ба вуқуъ омадааст. Масъулияти ин амалро гурӯҳи Толибон бар уҳда гирифтааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин амали нангини террористон ва ба ҳалокат расидани мардуми осоишта ба президенти Давлати исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол кардаст.