Дар ноҳияи Кӯшониён дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад бо харҷи 3 миллиону 190 ҳазор сомонӣ роҳҳои ноҳия таъмири асосӣ, ҷорӣ ва сангфарш шуданд.

Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён Нурмуҳммад Қаҳҳоров гуфт, ки дар ин давра 3 километру 277 метр роҳ таъмири асосӣ, 142 километр таъмири ҷорӣ, даҳо километр роҳ сангфарш гардида, пулу қубурҳо таъмир шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки омодагии муассиса ба зимистон хуб буда, захираи маводи зидди лағжиш, сару либос барои коргарон, хӯрокворӣ захира карда шуда, инчунин техникаҳои роҳдорӣ барои тоза кардани роҳҳо аз барф омода мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар умум дар мувозинаи ин идора 230,1 километр роҳ вобаста карда шудаст, ки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён талош доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ҳолати роҳҳои мошингардро пурра барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт таъмин созанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here