Раиси ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён Раҷабалӣ Ҳурматовро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон ҳангоми гирифтани 4500 доллар пора дасгир карданд.

Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Кушониён хабар дод, ки рӯзи 4 апрели соли 2019 кормандони ниҳоди мазкур раиси ҷамоати меҳнатободи ноҳияи Кушониён Раҷабалӣ Ҳурматов ва заминсози ҷамоати мазкур  Тоҳир Нурмаҳмадро  ҳангоми гирифтани ин маблағ дар дохили ҳамоми шахсияш дастгир карданд.

Тибқи иттилои расида бар зиди ин ду мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Нусратулло зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 30-уми январи соли 2019 баргузор гашт, гуфт, ки соли гузашта аз тарафи кормандони прокуротура 106 санҷиши прокурорӣ гузаронида шуда,  325 парвандаи ҷиноятӣ,  ки 17 дарсад нисбати соли гузашта зиёд аст, оғоз карда шуд. Дар натиҷа 3189 гектар замини ғайриқонунӣ тақсимгашта  ва худсарона ишғолшуда ошкор шуда, ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки  аз  325 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба самти қонунгузории замин оғоз гашта,   53 парвандаи ҷиноятӣ  нисбати шахсони мансабдор, аз ҷумла 14 парвандаи ҷиноятӣ нисбати  мансабдорони кумитаҳои заминсозӣ,  19 парвандаи ҷиноятӣ нисбати раисиони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 16 парванда нисбати роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва 4 парвандаи дигар нисбати дигар шахсони мансабдорон мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here