Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинои Маркази саломатӣ ва меҳмонхонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи  Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкор Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ кард.

Дар ин ҷо ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи марти соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгу ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба анҷом расид.

Акнун бо бунёди чунин маркази муосири тиббӣ 58 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Иншооти тандурустии мазкур бо тарҳу усули муосир бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ насбу васл шуда, дорои 35 ҳуҷра ва 40 кати хобӣ барои беморон мебошад.

Ҳамчунин Сарвари давлат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумро дар ҷамоати деҳоти Заргар мавриди истифода қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ аз 1 бино бо ду қисми  4-ошёна ва 23 синфхонаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар ду баст, иборат аст.

Мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фаннҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, утоқҳои кории омӯзгорон мавҷуд буда, ҳамчунин дар саҳни он майдончаҳои футбол, волейбол ва баскетбол, боғи дарахтони мевадиҳанда, бунёд шудааст.

Дар муассисаи мазкур 800 нафар хонанда аз ҳисоби муассисаи таълимии рақами 10 ва 140 нафар аз ҳисоби муассисаи таълимии рақами 9 ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Баъди ифтитоҳи мактаби нав дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here