Дар ноҳияи Кушониён сохтмони муассисаи таълими барои 620 хонанда дар як баст оғоз карда шудааст, ки маблағи он беш аз 10 миллионро ташкил медиҳад.
Ба иттилои масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Кушониён ин муассисаи таълимӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми ҶТ ва бо дасгирии Фонди саудии рушд бунёд мегардад.
Муассиаи таълимие, ки барои 620 нафар хонанда сохтмонаш илома дорад, дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён мебошад, ки бинои он 4 ошёна буда, соли 2020 муассиса бо тамоми шароит барои дарсомузӣ ба итмом мерасад.
Мактаби мазкур аз 32 синфхона иборат мебошад, ки дар корҳои сохтмони он беш аз 70 нафар ба кор ҷалб гаштаанд.
То имруз сокинони деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён аз надоштани муассиаи таълимӣ танқисӣ кашида, масофаи беш аз як километр роҳро тай карда, ба деҳаҳои ҳамсоя мерафтанд. Баъди бунёди муассисаи мазкур мушкилии соинони ин деҳа ҳали худро пайдо хоҳад кард.